расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даври ҷумҳурявии "Фуруғи субҳи доноӣ" оғоз шуд

. / Ҷомеа

Даври ҷумҳурявии "Фуруғи субҳи доноӣ" оғоз шуд

Дар назар аст аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар он 268 нафар ширкат кунад.

Сурат: Вазорати маориф ва илм
Имрӯз даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд, ки аз 7-ум то 15-уми декабр давом мекунад.
Дар даври ҷамъбастии ин озмун дар назар аст 268 довталаб, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат кунад.
Даври ҷамъбастии ин озмунро Вазорати маориф ва илм баргузор мекунад.
Мутобиқи ҷадвале, ки Дастгоҳи иҷроияи Президент  таъйид кардааст озмун барои ширкаткунандагони ҳар минтақа дар рӯзҳои алоҳида баргузор хоҳад  шуд. Аз ҷумла барои ВМКБ рӯзи 7-уми декабр, барои вилояти Суғд рӯзҳои 7-8 декабр, барои Хатлон рӯзҳои 9-10-11-уми декабр, барои НТҶ рӯзҳои 12-13-уми декабр ва барои ширкаткунандагони шаҳри Душанбе рӯзҳои 13-14-15-уми декабри соли ҷорӣ ҳамарӯза аз соати 9:00 то 16:00 доир мегардад.

Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо дастури Президенти Тоҷикистон имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад.
Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.