расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Тоҷикон” ба Ванҷ расид ва тақсими он оғоз шуд

. / Ҷомеа

“Тоҷикон” ба Ванҷ расид ва тақсими он оғоз шуд

Ин китоб ҳадяи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар барои 30-солагии Истиқлол аст

Сурат: maorif.tj
Тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ оғоз шуд. Ин китобҳоро ба Ванҷ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода бурдааст.
Теъдоди хонаводаҳои Ванҷ 4408 ҳисоб шудааст, ки мутаносибан ҳамин миқдор китоб ба онҳо дода мешавад
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ин ҳадяи Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Собирзода мебарад.
Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.
Ин китоб ба унвони ҳадя аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад.
Нашри ин китоб дар Тоҷикистон гардишҳои дигаре ҳам дошт, ки дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳс шуд.



1/5
Моҳи декабри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба порлумон дастур дода буд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул ҳадя карда шавад.
Дар Тоҷикистон барои тавзеъи ин китоб комиссия махсус зери роҳбарии муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи прездент Саъдӣ Қодирзода таъсис дода шудааст, ки намояндаҳое аз  Вазорати молия, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо шомиланд. Онҳо муваззафанд, ки китобро ба ҷойи лозим бурда расонанд.
Ин китоб бо теъдоди 1,6 миллион нусха нашр шудааст, ки ва дар сар то сари кишвар тавзеъ карда мешавад.
20-уми ноябр Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  ба “Азия-Плюс” гуфта буд онҳо тамоми корро мекунанд то аз фурӯш ва тақсими ғайриқонунии ин китоб ҷилавгирӣ кунанд. 
Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчунин гуфт, ки “гузинаи электронии ин китоб ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва чинӣ низ омода шуда истодааст, ки дар ҳама сайтҳои ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо гузошта мешавад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.