расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Барқҷӯ: Якуми декабр зимистон фаро намерасад

. / Ҷомеа

Барқҷӯ: Якуми декабр зимистон фаро намерасад

”Мешавад, дар рӯзҳои наздик пурра барқ дода мешавад…” мегӯяд сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.
“Умедвор будем,ки аз якуми декабр барқ  доимӣ мешавад, вале боз ҳамон Аҳмади порина шуд”,- ба сомонаи Pressa.tj занг зада мегӯяд аз Истаравшан  сокини ҳамин ноҳия Муҳаммадӣ Бафоев.
-Шукр,ки баъзан дер бошад ҳам, шабона барқ медиҳанд ва телефонамонро заряд мемонем. Овоза буд, ки баъд аз якуми декабр-рӯзи аввали зимистон барқ доимӣ мешавад. Аммо намедонем,ки бо кадом сабабе боз ин танҳо овоза монд . “Аҳмади порина” будани барқро сокини ноҳия Восеъ Партави Шариф ҳам тасдиқ мекунад. “Дар Панҷакент ҳам айни чунин ҳолат, баъзан пас аз хомуш кардани субҳгоҳӣ дар нисфирузӣ ягон соат барқ мешавад, вале доимӣ нашудааст” мегӯяд сокини ҳамин ноҳия Бибисоро Авезова.Қурбон Солиев, муаллими мактаб дар ноҳияи Рӯдакӣ низ аз набудани барқ шикоят дорад. “Чаро пас аз оғози зимистон боз ҳам барқ нест?”  ”Мешавад, дар рӯзҳои наздик пурра барқ дода мешавад…” мегӯяд сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ. Он кас айнан чунин ҷавобро як моҳ пеш гуфта буданд , вале тавре яке аз нафароне,ки номашонро дар боло овардем, гуфт: “Якуми декабр шояд ҳоло зимистон фаро нарасида  бошад…”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.