расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ёвон: марде занашро бо чанд зарбаи корд ба қатл расонид

. / Ҷомеа

Ёвон: марде занашро бо чанд зарбаи корд ба қатл расонид

Дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос.

Сурат: ВКД ҶТ
Кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон як марди сокини маҳаллиро ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт намуданд. Се нафар кӯдакон бе модар монданд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи куштор рӯзи 27 ноябр дар деҳаи Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.
“Модари 3 фарзанд Бибихол Бобоҷонова 32-соларо шавҳараш Урозбек Қарақулов дар манзили истиқоматияшон дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, айни замон Қарақулов боздошт ва нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Сурат: ВКД

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.