расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Додхоҳии донишҷӯёни тоҷик аз Вазорати корҳои хориҷӣ

. / Ҷомеа

Додхоҳии донишҷӯёни тоҷик аз Вазорати корҳои хориҷӣ

Ин донишҷӯён ҳамин сол ба макотиби олии Русия дохил шуда, мегӯянд, агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст, ки онҳоро хориҷ кунанд.

Сурат: Asia-Plus
Як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ омода талаб кардаанд, ки ин ниҳод мушкилашонро ҳал кунад. 
Ин донишҷӯён, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, мегӯянд, ки агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст онҳоро хориҷ кунанд.
Наҷибулло Абдуллоев, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирск мегӯяд, ки ба ӯ аз донишгоҳ барои таҳсил  даъватнома омадааст, аммо вақте ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, дар онҷо ба гуфтаанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷа муроҷиат кунед.
Акс: Asia-Plus
“Вақте мо  ба ВКХ муроҷиат мекунем, инҳо мегӯянд масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, - мегӯяд ӯ. - Тӯли се моҳ мешавад, ки мо интизори ҷавобем. Аммо моро аз донишгоҳи Русия огоҳ карданд ки то сессия ба донишгоҳ наоед ё дар дарсҳо иштирок накунед, мо шуморо ихроҷ мекунем".
Ба гуфти Наҷибулло, ӯ дар бахши ординатураи клиникӣ таҳсил мекунад, барояш омӯзиши фосилавӣ намешавад.
Ба гуфтаи вай, ғайр аз ӯ дар ин ҷо бачаҳое ҳам ҳастанд, ки дар риштаҳои ҳавонавардӣ, молиявӣ, барномасозӣ ва бахшҳои дигар таҳсил мекунанд, ки фақат бо китоби холӣ намешавад. 
Ба қавли ин донишҷӯён, ба далели қатъи рӯзонаи барқ, наметавонанд таҳсилашонро онлайн идома диҳанд.
Акс: Asia-Plus
Ба гуфтаи ин донишҷӯйи тоҷик, "вақте мо ба ҷониби донишгоҳои Русия мегӯем, ки мо ҳамамон вазъияти онлайн таҳсил карданро надорем, онҳо бо мо посух доданд, ки ин мушкили шумост".
Ин донишҷӯён мегӯянд, ки ба мушкили онҳо на вазорати илм расидагӣ карда метавонад ва на ниҳодҳои дигар.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.
"Дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Русия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд",-гуфт як масъули вазорат ба "Азия-Плюс".
Акс: Asia-Plus
Солиев Самеҳ, донишҷуйи дигар гуфт, ин бори аввал нест, ки ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, аммо натиҷае ҳосил намешавад. 
"Ман дар ришатаи тайёра дар донишгоҳи Хабаровск мехонам. Дарсҳои онлайнӣ барои ман мувофиқ нест.  Бо тариқи Zoom таҳсил мекунем, дар як соат 2 Гб интернет сарф мешавад. Тасаввур кунед, дар як соат 40 сомон дар 4 соат 160 сомон ҳамарӯза ба ман даркор аст, ки барои омӯзиш истифода кунем. Аммо ин миқдор пул надорам барои таҳсили онлайнӣ", - изҳор дошт ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.