расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тухм, гӯшт, мева... Зӯри сокинон ба харидани кадом маҳсулот мерасад? ВИДЕО

. / Ҷомеа

Тухм, гӯшт, мева... Зӯри сокинон ба харидани кадом маҳсулот мерасад? ВИДЕО

Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки боло рафтани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла шакару равғани офтобпараст, онҳоро нигарон кардааст. Дар як моҳи ахир нархи як кило шакар аз шаш сомонӣ то даҳ сомонӣ ва қимати як литр равғани офтобпараст аз 12 сомонӣ то 15-16 сомонӣ боло рафт ва айни замон камчин шуд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар пойтахт пурсид, ки феълан тавони харидани кадом маҳсулотро доранд:
Матни посухи баъзе аз мусоҳибонро дар инҷо хонед:
  • "Азбаски пулам намерасад, тамоман гӯшт намехарам. Ба хонаи маъюбон меравам, дар он ҷо хӯроки богӯшт медиҳанд."
  • "Орд қимат шуд, равған қимат шуд. Ҳама чиз дар бозорҳо қимат шудааст. Нисбат ба маош маҳсулот қиматтар аст. Ҳозир нархи тухм ҳам қимат шудааст."
  • "Тухм, гӯшт ва мева намехарам. Мева бисёр қимат. Себ 15‑10 сомонӣ аст."
  • "Ронандаи таксӣ будам, ҷарима карданд ва мошинамро маҳкам карданд. Бекор мондаам. Аз деҳа ҷуворӣ равон мекунанд, ҷуворӣ мехӯрем. Умедворам, ки дар оянда хуб мешавад." Наворро дар инҷо бинед:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.