расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТӮЙИ АРӮСИИ МУОВИНИ РАИСИ МАСТЧОҲ

. / Ҷомеа

ТӮЙИ АРӮСИИ МУОВИНИ РАИСИ МАСТЧОҲ

Рӯзи 24 октябри соли 2020 муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Зайнура Умарзода бо мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои хукумати ноҳия Файзиев Хофизхон издивоҷ карданд. Ба гуфтаи манобеи сомонаи "Ахбор”, тӯйи ин ду мақоми ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хоксорона, дар доираи қонуни танзим доир шуд.
Ҳамсуҳбатони "Ахбор” гуфтанд, ки ин издивоҷе буд, ки ҳама кайҳо боз мунтазираш буданд. Ба гуфтаи онҳо, Зайнура Умарзода ва Ҳофизхон Файзиев якдигарро дӯст дошта, издивоҷ кардаанд. Ин издивоҷи нахустини ҳардуи онҳост.
Умарзода Зайнура Васлӣ 28 августи соли 1982 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, соли 1999, баъди хатми мактаби №27 бо квотаи президентӣ ба риштаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуд ва соли 2004 ин мактаби олиро хатм кард.
Солҳои 2003-2012 ӯ дар мактаби №27 аз фанни фанновариҳои иттилоотӣ дарс дода, солҳои 2012-2014 мудирии литсейи №2 ва солҳои 2014-2015 мудирияти мактаби №27-ро бар дӯш дошт.

Зайнура Умарзода аз 14 октябри соли 2015 дар мақоми муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ кор мекунад. Ӯ ҳамчунин ааспиранти Пажуҳишгоҳи рушди маориф буда, дар мавзӯи "Технологияи иттилоотӣ – самти афзалиятнок дар мактаби муосир (дар мисоли муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон)” рисола менависад.
Исми Зайнура Умарзода соли 2016 дар робита ба моҷарои роҳ надодани Шаҳнози Ниёзбоқӣ ба мулоқот бо президент расонаӣ шуд. Он вақт ҳукумати ноҳия дар як номаи расмӣ бо имзои Зайнура Умарзода ба Шаҳнози Ниёзбоқӣ навишта буд, ки сабаби роҳ наёфтани ӯ ба мулоқоти президент нагузаштанаш аз шартҳои озмун буд.
"Шартҳои озмун чунин буданд: Симои зебои ориёӣ, қомати баланд ва суханронии бурро... Шумо аз даври аввали озмун нагузаштед”,  - гуфта мешуд дар он нома.
Файзиев Ҳофизхон Ҳомидович, мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва саводи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, марде, ки Зайнура Умарзода ба унвони ҳамсафари зиндагиаш интихоб кардааст, аз авлоди Файзӣ Султон, як шахсияти машҳури Мастчоҳ буда, 30 сентябри соли 1984 ба дунё омадааст. Ӯ соли 2001 мактаби №6 ва соли 2008 риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳомидхон Файзиев собиқаи кориашро дар иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Файзӣ Султон оғоз карда, моҳи октябри соли 2011 дар ҳукумати ноҳия сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак таъйин шуд. Ӯ аз моҳи июни соли 2015 дар мақоми мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ифои вазифа мекунад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.