расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Сагардонии мардуми Афғонистон барои дарёфти кумакҳои байналмилалӣ

. / Ҷаҳон

Сагардонии мардуми Афғонистон барои дарёфти кумакҳои байналмилалӣ

Садҳо сокини Мазори Шариф ҳамарӯза соатҳои тӯлонӣ дар назди дафтари Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ барои дарёфти кӯмаки ғизоӣ меистанд

Сокинон аз ниҳодҳои зирабт хостаанд, ки ин кумакҳоро ба хонаводаҳои ниёзманде, ки дар вазъи бади иқтисодӣ қарор доранд тақсим кунанд то мушкилоти бади онҳо ҳалли худро пайдо кунад .

Аз сӯйи дигар, масъулони Созмони ҷаҳонии ғизо дар Балх мегӯянд, ин созмон талош дорад, ин кумакҳоро ба афроди ниёзманд, ки ҳоло дар дувоздаҳ ноҳияи шаҳри Мазори Шариф дар вазъи бади иқтисодӣ қарор доранд, тақсим кунад.

Ёдрас мешавем, ки баъд аз бар сари қудрат расидани толибон вазъи иқтисодии аксари мардум дар ин кишвар бад шуд. Тибқи гузоришҳои СММ агар ба Афғонистон фавран кумак карда нашавад, мардуми ин кишвар метавонад ба гурунагӣ рӯ ба рӯ шаванд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.