расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Узбекистон рахнагорон ба 11 сомонаи расмӣ ҳамла карданд

. / Ҷаҳон

Дар Узбекистон рахнагорон ба 11 сомонаи расмӣ ҳамла карданд


Дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон рахнагарони интернетӣ ё ҳаккерҳо рӯзи 6-уми январ ба 11 сомонаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамла карданд. Дар ҳукумати вилояти Сурхандарё ин иттилоъро тасдиқ карданд.
Расонаҳо навиштанд, ки баъди ҳамла рахнагарон дар саҳифаҳои асосии сомонаҳо навиштаанд, ин ҳамларо гуруҳи Clone Security анҷом додааст.
Ҳаккерон навиштаанд, агар раиси вилоят "ба мутахассисони хуб таваҷҷуҳ накунад", онҳо қарору дастурҳои пӯшидаи ӯро оммавӣ мекунанд.
Ин гуруҳи рахнагарон барои расонаҳо ҳам паём фиристодаанд. Дар паём омадааст, "ду ҳафта пеш роҳбари яке аз раёсатҳои вилоят корманди бахши технологияҳои иттилоотиро латту кӯб кардааст".
Моҳи июни соли 2013 гуруҳи рахнагарони Clone Security сомонаи расмии Федератсияи футболи Узбекистонро рахна карда буданд. Ин гуруҳ ҳамчунин ба сомонаи ширкати миллии радиову телевизиони Узбекистон ҳамла карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.