11 шиамаҳзабро дар Покистон рабуда ва куштаанд
Мақомоти расмӣ мегӯянд, афроди мусаллаҳ дар Вилояти Балучистони Покистон 11 конкани шиамазҳабҳро рабуда ва сипас куштаанд. Нурулло, сухангӯи пулиси инҷо рӯзи 3-уми январ гуфт, ки «дар ҳамлаи шаби гузашта камаш 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.»
Ҳодиса дар наздикии кони ангишти Моч дар 48 километрии шаҳри Кветта, маркази маъмурии Вилояти Балучистон рух додааст. Ба гуфтаи Муҳаммад Алӣ Ҷатоӣ, яке аз фармондеҳони неруҳои ниманизомӣ дар минтақа, афроди мусаллаҳ коргаронро ба яке аз куҳҳои атроф бурда, тирборон кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаварон шиамазҳабонро аз байни дигар коргарон ҷудо карда ва барои қатл бурдаанд. Ҳеч гуруҳе масъулияти қатлро бар дӯш нагирифтааст. Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар як паёме дар Твиттер қатли 11 конканро, “амали буздилонаи террористӣ” номид.
Ақаллиятҳои шиамазҳаби ҳазора ҳам дар Афғонистону Покистон дар гузашта ҳадафи гуруҳҳои ифротии суннимазҳаб, аз ҷумла ДОИШ қарор гирифтаанд. Вилояти Балучистони Покистон, ки бо Эрону Афғонистон ҳаммарз аст, аз соли 2004 то кунун шоҳиди ҳамлаву бомбгузориҳо, муноқишаҳои мазҳабӣ шудааст ва аз он замон то кунун ҳазорон нафар ҳам ҷон додаанд.