расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » “Толибон” дар як сол дар Афғонистон 18 ҳазору 200 ҳамла анҷом додаанд

. / Ҷаҳон

“Толибон” дар як сол дар Афғонистон 18 ҳазору 200 ҳамла анҷом додаанд


Сурат: Арк раёсатҷумҳурии Афғонистон
Раиси Амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки дар як соли ахир гуруҳи “Толибон” дар ин кишвар 18 ҳазору 200 ҳамларо дар сар то сари ин кишвар анҷом додаанд.
Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси Амнияти миллии Афғонистон, ки дар пайи зиёд шудани ноамниҳои рӯзҳои ахир барои посухгӯйӣ ба Маҷлиси Сано (маҷлиси болоии порлумон)-и кишвараш даъват шуда буд гуфт, ки “Толибон” масъули 99 дар сади ҳамлаҳои ҳадафмандонаи рӯзҳои ахир дар кишваранд.
Ин масъули амнияти Афғонистон ҳарчанд нокомии истихборотиро барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҳадафмандона пазируфтааст, ба аъзои Маҷлиси Санои кишвараш гуфтааст, ки гуруҳи “Толибон” пас аз тавофуқ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Давҳа шабакаеро бо номи “Убайда корвон” барои ҳамлаҳои ҳадафмандона дар кишвар сохтаанд.
“Аз ҷадии соли гузашта то ҷадии имсол (аз 20-уми декабр то 20-уми декабр) ҳудуди 18 ҳазору 200 ҳамларо “Толибон” дар сар то сари кишвар роҳандозӣ кардаанд. Афроди боздоштшудаи “Толибон” ба амнияти миллӣ гуфтанд, ки ин гуруҳ барои террори кормандони давлатӣ, хабарнигорон ва фаъолони маданӣ ва шахсиятҳо шабакаеро бо номи “Убайда корвон” дар вилояти Лугар сохтаанд, ки мехоҳанд бо қатли онон сару садо эҷод кунанд”.
Аҳмад Зиё Сироҷ гуфтааст, ки дар ҷарёни як сол 6100 нафарро дастгир кардаанд, ки 3600 нафар дар қазияҳои террористӣ гумонбаранд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.