расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Чин хабари боздошти як корманди Bloomberg -ро тасдиқ кард

. / Ҷаҳон

Чин хабари боздошти як корманди Bloomberg -ро тасдиқ кард

Дохили як бозори шаҳри Вуҳани Чин

Вазорати хориҷаи Чин тасдиқ кард, ки як корманди ширкати хабарии Bloomberg дар заминаи ба хатар андохтани амнияти миллӣ дастгир шудааст. Сухангӯи вазорати Ванг Венбин рӯзи 14 декабр гуфт, ки парвандаи як ёвари муҳаррир Ҳейз Фан таҳти таҳқиқ аст ва “ҳуқуқи ӯву манфиатҳояш пурра таъмин шудаанд”. Ҳафтаи гузашта бунгоҳи хабарии Bloomberg гуфт, ки шурӯъ аз 7 декабр бо кормандаш хонум Фан ҳама иртибот гум шуд ва танҳо баъди чанд рӯз мақомот дар ҳукумати Пекин ва сафорати Чин дар Вашингтон дар бораи боздошт шудани ӯ хабар доданд. Дар робита бо боздошти хонум Фан, як шаҳрванди Чин Иттиҳоди Аврупо ва анҷумани журналистони Пекин изҳори нигаронӣ карданд.
Ванг гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд “истиқлолияти низоми додгустарии Чинро эҳтиром карда изҳороти бемасъулиятона нашр накунад”.
Пекин ба шаҳрвандонаш иҷоза медиҳад, ки ба ҳайси тарҷумон, муҳаққиқ ва ёвари созмонҳои хабаррасон кор кунанд, вале иҷоза намедиҳад, ки ҳамчун журналистони бақайдгирифташуда гузоришҳои мустақилона таҳия кунанд. Чин давоми солҳои зиёд яке аз кишварҳои саркӯбгари журналистон ба ҳисоб мерафт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.