расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Форуми иқтисодии Давос ба иллати коронавирус ба таъхир афтод

. / Ҷаҳон

Форуми иқтисодии Давос ба иллати коронавирус ба таъхир афтод



Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, ки қарор буд, моҳи январи соли 2021 дар Давос баргузор шавад, ба иллати ҳамагир шудани коронавирус то ба тобистони соли оянда ба таъхир гузошта шудааст. Дар ин бора созмондиҳандагони чорабинӣ хабар доданд.
Моҳи январи соли оянда вохурии онлайнии "муколамаи Давос" баргузор мешавад. Дар он раҳбарони ҷаҳон дар бораи тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар соли 2021 табодули назар хоҳанд кард.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ созмони ғайридавлатии Швейтсария аст, ки соли 1971 ташкил ёфтааст. Ҳудуди ҳазор ширкату созмон аз кишварҳои гуногун узви он ҳастанд.
Дар Давос моҳи январи соли равон 50-умин солгарди таъсисёбии форуми мазкур баргузор гашт. Дар он ҳудуди 3000 нафар аз 117 кишвари дунё, аз ҷумла беш аз 50 раҳбари давлату раиси ҳукумат иштирок карданд. Ҳамчунин миллиардерҳо аз 36 кишвар бо шумули Марк Сукерберг, Ҷорҷ Сорос ва Билл Гейтс ҳузур доштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.