расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Мақомоти рус розӣ нестанд, ки Навалний махсус заҳролуд шудааст

. / Ҷаҳон

Мақомоти рус розӣ нестанд, ки Навалний махсус заҳролуд шудааст


Берлин, бемористони "Шерите"

Мақомоти Русия иттиҳомоти инро, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалний махсус заҳролуд шудааст, қабул надоранд ва даъвати барпо кардани таҳқиқи ҷиноии ин қазияро рад карданд. Навалнии 44-сола баъди он ки дар як сафараш дар Сибир ҳолаш бад шуд, барои муолиҷа ба беморхонаи “Шерите”-и Берлин интиқол ёфт. Дар изҳороти рӯзи 24 августи маъмурияти беморхонаи шаҳри Омск гуфта шуд, ки Навалний заҳролуд шудааст. Дар пай кишварҳои ғарбӣ аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи ҷиноии ин ҳодисаро ба роҳ монанд. Вале Русия пофишорӣ дорад, ки шарт нест, ки Навалний қурбонии як заҳролудшавии махсус шуда бошад ва ин мавқеъро мақомот ва ҳам табибон дар Русия пуштибонӣ мекунанд. Айни замон, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки таҳқиқи эҳтимолияти аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ заҳролуд шудани Навалнийро ба роҳ мемонад. Сухангӯи Навалний Кира Ярмиш из изҳоротҳоро ҳамчун “аҳмақӣ” рад кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.