расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Трамп расман номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Амрико шуд

. / Ҷаҳон

Трамп расман номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Амрико шуд




Доналд Трапм дар ин ҳамоиш аз раъйгирӣ тариқи пост ё почта интиқод кард ва дар мавриди беайб будани интихоботи моҳи ноябр шак намуд. Интизор меравад раъй додан бо истифода аз орои фиристодашуда тавассути почта, бинобар бемории КОВИД-19, дар соли ҷорӣ бисёр маъмултар аз гузашта анҷом шавад. Коршиносони мустақили амнияти интихоботӣ мегӯянд, тақаллубҳои интихоботӣ дар Амрико кам сурат гирифтааст.
Оқои Трамп дар Конвенсияи ҷумҳурихоҳон гуфтааст, "танҳо роҳе, ки онҳо метавонанд интихоботро аз мо бигиранд, вақте хоҳад буд, ки интихобот тақаллубӣ бошад". Ӯ сипас аз афзуд, "мо дар ин интихобот пирӯз мешавем".
Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико низ бори дигар ба унвони муовини номзади президент дар интихоботи моҳи ноябр баргузида шуд. Ҳамоиши ҷумҳурихоҳон ва маросимҳои вобаста ба он чаҳор рӯз идома мекунад ва бархе барномаҳои он зинда ва бархе маҷозӣ ё онлайнӣ баргузор мешаванд.
Бино бар назарсанҷиҳои сартосарӣ дар Амрико, Ҷо Байден, рақиби демократи Трамп, байни 8 то 10 дарсад аз ӯ пеш аст. Раиси ҷумҳури Амрико барои шеваи мудирияти мубориза бо пандемияи КОВИД-19, вазъияти иқтисодӣ ва танишҳо бар сари масъалаҳои нажодӣ ба интиқодҳо рӯбарӯ аст ва ҳоло талош дорад аз фурсатҳо истифода карда, раъйдиҳандагонро ба тарафи худ ҷалб кунад.
Доналд Трамп се руз пеш ба шабакаи хабарии Fox News гуфта буд, "фикр мекунам, шоҳиди як чизи хеле мусбат хоҳем буд, ин ҳамон чизе аст, ки ман дуст дорам рух диҳад".
Интизор меравад, ки ҷумҳурихоҳон ба ҳамлаҳои худ ба демократҳо идома диҳанд. Ҳамоиши демократҳо барои муаррифии Ҷо Байден ба унвони номзади ин ҳизб дар ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва дар он Трамп мавриди ҳамлаҳои густурда қарор гирифт. Демократҳо дар талош ҳастанд нишон диҳанд, ки ҳизби иборат аз коргарон, муҳоҷирон, занон ва ё ақалиятҳо ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.