расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Дар Тоҷикистон орду равған арзон, вале гушту тухм гарон шудааст

. / Иқтисодиёт

Дар Тоҷикистон орду равған арзон, вале гушту тухм гарон шудааст

Дар як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон нархи орду равған то ду дар сад поин шудааст, вале арзиши шакар, гушти гов ва тухм андаке боло рафтааст.

Дар бозорҳои кишвар нархи як кило орд, аз 4 то 6 сомонӣ будааст. Арзиши миёнаи як халта орд ҳоло аз 240 то 250 сомонӣ аст.
Бар асоси гузориши нави барномаи озуқаи СММ, ки ҳар ҳафта нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Тоҷикистонро мушоҳида мекунад, нархи як кило гушт дар бозорҳои кишвар аз 55 то 72 сомонӣ аст.
Бино ба ҳамин гузориш нархи тухм дар як ҳафтаи ахир ба ҳисоби миёна ду дар сад, аммо дар қиёс бо соли гузашта беш аз 50 дар сад боло рафтааст.
Ҳоло 10 дона тухм дар фурӯшгоҳҳои шаҳру манотиқи Тоҷикистон бо нархи аз 14 то 20 сомонӣ фурухта мешавад.
Сабаби болоравии нархҳо гуфта нашудааст, аммо сокинони зиёде болоравии нархҳо дар чанд рӯзи ахирро ба Иди Рамазон рабт дода, мегӯянд, тоҷирон пайваста дар ростои иду ҷашнҳо нархи маҳсулотро боло мебаранд.
Аз сӯи дигар сокинон ҳукуматро танқид мекунанд. ки барои поён бурдани нархҳо ҳеч иқдомие амалие анҷом намедиҳад. Ярмаркаҳое, ки ба хотири поён бурдани нархҳо анҷом мешавад, бештар намоишӣ буда, таъсир надоранд.
Маъмулан, хеле кам иттифоқ меафтад, ки нархи маҳсулоти гароншуда дар Тоҷикистон дубора ба мисли қабл поён равад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.