расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

. / Иқтисодиёт

Афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

Агентии содироти Тоҷикистон хабар додааст, ки содироти маҳсулоти кишвар ба хориҷ нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 1,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст

Тибқи иттилои ин Агентӣ, натиҷаҳои самарабахш ва самаранок истифоа намудани имкониятҳои мавҷуда ба он мусоидат намуданд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 1215,2 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар ё 0,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 миллион долларро ташкил намуд.
“Аз рӯи ҳаҷм бошад содироти маҳсулоти кишоварзӣ 115,2 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 ҳазор тонна ё 8,2 дарсад зиёд мебошад”, - иттилоъ додааст Агентӣ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавот 75,6 ҳазор тонна ё 65,6 фоиз, меваи хушк 18,9 ҳазор тонна ё 16,4 фоиз, меваҷот 15,3 ҳазор тонна ё 13,3 фоиз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 54 ҳазор тонна ё 4,7 фоизро ташкил дод.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.