расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » БОР ба дастгирии бахши энергетикаи Тоҷикистон идома медиҳад

. / Иқтисодиёт

БОР ба дастгирии бахши энергетикаи Тоҷикистон идома медиҳад

Тӯли тамоми солҳои ҳамкорӣ Бонк ба ин бахш ҳудуди 500 млн доллар ҷудо кард.

Сурат: inbusiness.kz
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари тозатаъини Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл тариқи онлайн дидору гуфтушунид кард.
“Дар ҷараёни мулоқот як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла раванди ислоҳоти соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани инфрасохтори пешрафтаи биллингӣ, васеъ намудани иқтидорҳои тавлиди барқи нерӯгоҳҳои мавҷуда, барқарор кардани робитаҳои энергетикӣ бо кишварҳои минтақа, афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ва ҳамчунин масъалаҳои дигари судманди мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, айни замон Бонки осиёии рушд дар бахши энергетикаи Тоҷикистон се лоиҳаро амалӣ месозад:
- барқарорсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт;
- ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ;
- Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот қайд шудааст, ки масоили ҷалби ширкатҳо барои идоракунии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки нав таъсис дода шудааст, инчунин ҷорисозии низоми баҳисобгирӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар низ баррасӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки  парлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта созишномаи грантӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва БОР-ро доир ба лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” тасдиқ кард.
Интизор меравад, ки Барномаи грантии рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 105 млн доллар ба амалисозии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика суръат бахшида, баҳисобгирии чаканаи истифодаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти ҷараёни паст ва миёнаро дар ҳафт шаҳр беҳтар мекунад.
Қобили зикр аст, ки сар аз соли 2018 Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт кумаки молиявӣ мерасонад.
Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла қариб 490 млн доллар аз ҳаҷми умумии кумак ба бахши энергетика равона шудааст.
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Ин минтақаро шукуфо, ҳамгиро, ба ҳаёт тобовару устувор кардан ва аз байн бурдани қашшоқӣ аз ҳадафҳои БОР унвон мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.