расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » “Тоҷикматлубот” доир ба ҳаҷми захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод

. / Иқтисодиёт

“Тоҷикматлубот” доир ба ҳаҷми захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод

Айни замон дар 45 анбори Тоҷикистон 2 364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст.

Раиси "Тоҷикматлубот" Ҳусайн Идиев
Сурат: Asia-Plus
Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи “Тоҷикматлубот” имрӯз дар бораи захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар анборҳояш маълумот дод.
Тибқи маълумоти раиси Иттифоқ Ҳусайн Идиев, айни замон дар 45 анбори Тоҷикистон 2 364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 703 тонна картошка захира шудааст.
Ҳамчунин 155 ҳазор зарфҳо (банкаҳо)-и шартии маҳсулоти консервагӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди сабзавоту меваи “Тоҷикматлубот” истеҳсол шудаанд, низ захира шудааст.
Дар мавриди болоравии нархи картошка то 5 сомонӣ Идиев ба он бовар накарда изҳор дошт, ки “имрӯз картошка бо арзиши 3,5-4 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки чандон гарон нест”.
Ба гуфтаи ӯ, имконоти молиявии Иттифоқ имкон намедиҳанд, ки ба поин кардани нархи сабзавоту мева, аз ҷумла картошка дар бозорҳо таъсир расонида шавад.
Бино ба маълумоти Вазрати кишоварзӣ, то 1 декабри соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 989 ҳазор тонна картшка истеҳсол шудааст.
Мувофиқи ҳисоби коршиносон, ин миқдор ҳосил бояд ба аҳолии кишвар дар як сол кофӣ бошад, лекин бо назардошти нархҳо ва оғози воридоти картошка аз дигар кишварҳо, бахусус аз Покистон, ба чунин маълумоти оморӣ бисёре аз мутахассисону коршиноосон шубҳа доранд.
Камбуди картошка ба болоравии арзиши он боис гардид: тибқи маълумоти расмӣ, дар муқоиса бо аввали сол дар зарфи 11 моҳи соли 2020 нархи он ба андозаи 20,1% боло рафт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.