расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Хатлон: як шаҳрванди Шведсария аз андоз 1,5 млн. сомонӣ қарздор аст

. / Иқтисодиёт

Хатлон: як шаҳрванди Шведсария аз андоз 1,5 млн. сомонӣ қарздор аст

Ӯ ба хориҷ рафтаасту мақомоти тоҷик ӯро меҷӯянд, аммо пайдо карда наметавонанд.


ҶДММ “Эком” воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки муассисаш як шаҳрванди Шведсария бо номи Фернанд Алберт Пиллонели гуфта мешавад, 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст.
Ин ширкат ҳанӯз 2-юми марти соли 2009 дар нозироти андоз сабти ном шуда, ба фаъолияти миёнҷигарӣ ва хариду фурӯшу коркарди нахи пахта сару кор доштааст.
Ширкати мазкур ҳамчунин дар руйхати андозсупорандагони бемасъулият, ки дар сомонаи Кумитаи андоз нашр гардидааст, ворид карда шудааст.
Сардори нозироти андози ноҳияи Ёвон Баҳодур Ализода гуфт, ки ширкати мазкур ба коркарди нахи пахта машғул будааст ва тайи 2-3 соли охир аз фаъолият бозмондааст.
“Мо барои рӯёнидани қарзи андоз чораҳои маҷбури ситонидани қарзро андешидаем. Аз ҷумла, суратҳисоби ширкатро бастаем, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст. Ҳамчунин вобаста ба пайдо кардану маҷбуран рӯёнидани қарз нисбати роҳбари ширкат мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат кардем. Мутаассифона, соҳибмулки ин ширкат аз кишвар берун рафтааст ва ӯро пайдо накарданд”, - мегӯяд Баҳодур Ализода.
Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон беш аз 130 ширкат, ки муассисонашон ширкатҳову шаҳрвандони хориҷианд, таъсис дода шудааст. Аз ин ширкатҳо, муассиси ду ширкат дар Ҷазираҳои Вирҷини Бритониёи Кабир қарор доштааст, ки яке аз ин ширкатҳо ҶДММ “Корхонаи хиштбарорӣ” дар ноҳияи Данғара ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.