расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Панҷ чизи донистанӣ. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 чӣ ҳол дошт? ВИДЕО

. / Иқтисодиёт

Панҷ чизи донистанӣ. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 чӣ ҳол дошт? ВИДЕО


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси пешини Бонки Миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки “муҳоҷирон дар нимсолаи аввал наздик ба 999 миллион доллар маблағ интиқол доданд. Яъне интиқол дар ин давра кам шудааст. Наздик ба 174 миллион доллар коҳиш ёфтааст”.
  • Таъсири ин коҳиш ба қурби сомонӣ таъсир расонд. Дар як сол сомонӣ дар баробари доллар ҳудуди 20 дарсад қурби худро аз даст дод. Дар кишвар камчинии доллар шиддат ёфт. Бонкҳо ба як нафар аз 200 доллар бештар намефурӯшанд. Гардиши савдои хориҷӣ манфӣ монд. Дар 9 моҳи соли 2020 Тоҷикистон ба берун 654 миллион доллар мол баровард. Аммо ба маблағи 1,5 миллиард доллар аз хориҷ мол ворид кард. Воридот назар ба содирот 849 миллион доллар бештар аст.
  • Олимҷон Бобоев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, “мо ба 1 сомонӣ ба хориҷа мол барорем, бо 3 сомонӣ аз хориҷа мехарем. Ин таносубро бояд кам кунем. Мо аз берун бештар медарорем чунки саноат рушд накардааст”. Моҳи сентябр бо қарори ҳукумат маошу нафақаҳо 15 дарсад боло бурда шуд. Аммо қурби доллар ва афзоиши нархи маводи ғизоӣ ин иловаро ночиз кард. Дар натиҷа оилаҳо харҷи худро кам карданд.
  • Наҷмиддин Раҳимов, ки рӯзгори худро бо аробакашӣ мегузаронад, гуфт, ки “харид кам шудааст, мардум дигар ниёз ба ароба надоранд, ду халта дар даст гирифта мераванд. Пеш ягон чизи дигар низ мехаридем, ҳоло фақат барои шикамсеркунӣ мерасонад, ба харидории либоса намерасад”.
  • Бонки Ҷаҳонӣ рукуди ду дарсадии иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Вазорати рушди иқтисод ин ададро қабул надорад. Саидмурод Зайниддинзода, масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфт: “Дар 11 моҳи соли равон рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,4 фоизро ташкил медиҳад, ки дар умум, ин омор қаноатбахш аст”.
  • Аз соли 2010 инҷониб иқтисоди Тоҷикистон соле 6-7 дарсад рушд мекунад. Дар сурати рушди 5-дарсадӣ ҳам ин сахтарин уфти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир хоҳад буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.