Боздошт: Таҳдиди 35 000 сомонӣ ҷарима нисбати 2 ронанда барои пойгаи ғайриқонунӣ

Чунончӣ, дар асоси навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воридгардида маълум гардид, ки дар вақти шабона якбора 2 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрав байни ҳам пойгаи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо таҳдиди хатар ба ҷони дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе – кӯчаи Неъмат Қарабоев ин амали ғайриқонуниро ташкил намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади муайяну боздошт намудани соҳибони воситаҳои нақлиёти мазкур чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҳар ду ронандагон ошкору муайян ва ронандагону автомашинаҳо ба мақмомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
Инҳо:
Назаров Ҳабибулло Миралиевич соли таваллудаш 1994, зодаи ноҳияи Нуробод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гулбутта, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота кемрӣ», аломати қайди давлатиаш 9090 АВ 01;

Шуҳратзода Шаҳром соли таваллудаш 1999, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Н. Қарабоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», аломати қайди давлатиаш 0777 FD 01;

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар ду автомашина то таъини ҷазои маъмурӣ дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе