расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ҷавони 24-сола барои сӯиқасди одамкушӣ

. / Ҳаводис

Боздошти ҷавони 24-сола барои сӯиқасди одамкушӣ

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2020, тахминан соати 00:05-дақиқа, ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом дар ҳолати мастӣ, бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23-сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш, марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.
Баъдан, гумонбаршаванда ба хонаи истиқоматиаш рафта, бо силоҳи оташфишонии тамғаи «Тула», қутраш 16-мм, (ки санаи 04.11.с.2019 барои истифода бурдан, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштан рухсатнома дода шудааст) мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ 1-маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ паронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳои №24 ва 52-и кӯчаи Ҳолматов рафтааст.
Ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28, 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Пулотони ҳамин шаҳр овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча баромаданд, ки дар натиҷа гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ якчанд маротиба ба тарафи онҳо тир холи кардааст. Нафарони дар боло зикргардида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 237 қисми 3 ва 32 қисми 3, 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.