расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 3 нафар дар ноҳияи Айнӣ бар асари садамаи нақлиёт

. / Ҳаводис

Ҳалокати 3 нафар дар ноҳияи Айнӣ бар асари садамаи нақлиёт

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 3 нафар ҳалок шуда, ду каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 11 март дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекат дар километри 147-ум рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи  OPEL ZAFIRA аз идораи воситаи нақлиёт набаромада,  ба чуқурии тақрибан 800-900 метр сарозер шудааст, ки дар  натиҷа автомашина  баъди ба садама дучор гаштан  оташ мегирад, - омадааст дар хабар. - Ҳангоми садама 3 мард ва 2 зан худро аз дохили автомашина ба берун мепартоянд, ки дар натиҷа 1  нафар мард  ва 2 нафар зан ба ҳалокат мерасанд”.
Сурат: Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд
Ба иттилои манбаъ, 2 нафар ҷароҳат гирифта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бурда мешаванд, лекин баъдан яке аз онҳо ҳалок мешавад.
Зикр мегардад, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷароҳатбардоштагон ва фавтидагонро бо ёрии таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ  аз чуқурӣ  бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.