расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Токио бинобар бориши зиёди барф беш аз 130 нафар маҷруҳ гардидааст

Ҳаводис / Ҷаҳон

Дар Токио бинобар бориши зиёди барф беш аз 130 нафар маҷруҳ гардидааст

 Хадамоти оташнишонӣ иттилоъ додааст, ки бар асари бориши барфи зиёд дар Токио беш аз 130 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд, хабар медиҳад «Kazinform» бо истинод ба хабаргузории Kyodo News.
Аксари онҳо бар асари афтидан бинобар зиёд будани барф ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки осебдидагони  ин ҳодиса аз 4 то 92-сола буда, ба ҳаёти ягон нафараш хатар таҳдид наменамояд.
Дар префектураи ҳамсояи Канагава беш аз 30 нафар ва дар префектураи Сайтама беш аз 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи иттилои JR East, шаш қатори экспресс дар истгоҳҳо беш аз 10 соат дар монда, беш аз 1 600 мусофир дар дохили онҳо хобидаанд. Яке аз онҳо бинобар бад шудани саломатиаш ба бемористон интиқол ёфт.
Nippon Airways ва Japan Airlines тақрибан 30 парвози дохилиро асосан дар фурудгоҳи Ҳанэдаи Токио бекор намуданд.
Тибқи иттилои агентии обуҳавошиносӣ, то шоми душанбе дар Маэбаси, дар префектураи Гумма 11 см барф сабт шуда, дар маркази Токио ва шаҳри Сайтама 8 см барф боридааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.