расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 3 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ дар садамаи нақлиёт

. / Ҳаводис

Ҳалокати 3 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ дар садамаи нақлиёт

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари садамаи нақлиёт 3 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора дар сомонаи ВКД-и ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.
“Нимаи дуюми рӯзи 5 феврал ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Ғолибҷон Тағоймуродови 29-сола ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба девори ҳимоявии канори роҳ бармехӯрад”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда ва се мусофир ҳамсоли ӯ - Шерхон Тешаев, Маҳмадраҷаб Чориев, Нуралӣ Тағойбеков, инчунин Абдукарим Тешаеви 21-сола бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, баъдан дар бемористон ронанда ва ду мусофири он - Шерхон Тешаев ва Маҳмадраҷаб Чориев ба ҳалокат мерасанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.