расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Заминларза дар Осиёи Марказӣ. Шиддати он аҳолиро ба кӯчаҳо баровард

Ҳаводис / Ҷаҳон

Заминларза дар Осиёи Марказӣ. Шиддати он аҳолиро ба кӯчаҳо баровард

Имшаб дар марзи Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин заминларзаи шиддаташ беш аз 7 балл ба қайд гирфита шуд, ки ларзиши он дар Ӯзбекистону Тоҷикистон низ эҳсос шуд.
Ин заминларза рӯзи 23-юми январ, соати 00:09 ба вақти Алмато сабт шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар дод, ки маркази заминларза дар 264-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Алмато, дар умқи 65 километр ҷойгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Алмато қувваи зилзила 5 баллро ташкил додааст ва дар шаҳр, махсусан дар ошёнаҳои боло таконхӯрии шадид эҳсос шудааст.
Сокинони Алмато ба таври оммавӣ ба кӯчаҳо баромадаанд:  дар Алмато ин гуна заминларза дар чандсолаи охир ба қайд гирифта нашуда буд ва аҳолии ин шаҳр аз шиддати шаминларза ҷиддан тарсидаанд.
Тақрибан пас аз ним соат боз заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд, ки шиддати он 2-3 баллро ташкил медиҳад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ҷунбиши шадиди ҷиҳозу қандилҳои хонаи сокинон нашр шудаанд ва дида мешавад, ки аксари аҳолӣ хонаҳои худро тарк карда, ба берун баромадаанд.
Такрибан соати 2-и шаб заминларзаи сеюм ба қайд гирифта шудааст, ки ба қавли шоҳидон шиддати он нисбати ду заминларзаи аввал камтар будааст, менависад smi24.kz.
Дар Чимкент, ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, заминларза бо шиддати ду дараҷа эҳсос шудааст. Сокинони Остона, бахусус онҳое, ки дар ошёнаҳои боло зиндагӣ мекунанд, низ заминларзаро эҳсос кардаанд.
Таҷаммӯи аҳолӣ дар АлматоАкс аз сомонаи smi24.kz.
Бар асари заминларза дар пойтахти Қазоқистон беш аз 44 нафар маҷрӯҳ шудаанд, хабар медиҳад mail.kz.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи илмҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, ки заминларза дар Чин, дар наздикии марзи Қирғизистону Чин рух додааст.
Қувваи заминларза дар маркази заминларза 7 балл буд, менависад АКИpress.
Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон хабар додааст, ки талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Заминларзаро сокинони Ӯзбекистон низ эҳсос кардаанд - дар Тошканд қувваи заминларза ба 3 балл расидааст, менависад Gazeta.uz.  Дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон бошад, заминларза аз 3 то 4 балл эҳсос шудааст.
Дар бораи талафот ва хисорот гузориш дода нашудааст.
Дар шимоли Тоҷикистон низ шиддати ин заминларза эҳсос шудааст, вале дар хусуси талафоту хисорот ҳанӯз маълумот дастрас нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.