расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » КОРДЗАНӢ ВА КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР НАЗДИ ОШХОНАИ “АМОНҶОН” ВА БОЗДОШТИ БАРЛОСОВ (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

КОРДЗАНӢ ВА КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР НАЗДИ ОШХОНАИ “АМОНҶОН” ВА БОЗДОШТИ БАРЛОСОВ (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки нафари гумонбар дар кордзанӣ дар назди ошхонаи "Амонҷон” дар кӯчаи Қаҳҳоровро дастгир кардаанд. Видеои ин кордзанӣ шоми 14 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва дар рафти тафтишо маъдум шуд, ки Муродҷон Барлосов, сокини 37-солаи Ваҳдат ҳангоми муноқиша Шерхони Эмомалӣ, сокини 44-солаи Фархорро корд задааст. РВКД гуфт, Барлосов чунон маст буд, ки ӯро ба ҳушёрхона бурдаанд.
Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 18-и бегоҳ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки ба итилои шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ як нафар мавриди латукуб қарор гирифта, ҳамзамон ба воситаи корд захмӣ карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шахрвандон мерасонад, ки ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Қаҳҳорови н. Фирдавсии ш. Душанбе дар рӯ ба рӯи ошхонаи «Амонҷон» рух додаст. Кормандони мақомоти милитсия дар ҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, нафари гумонбарро дар ҳол дастгир намуданд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ду нафар шаҳрвандон Барлосов Муродҷон Урозалиевич соли таваллудаш 10. 01. 1983. сокини шаҳри Ваҳдат бо шаҳрванд Шерхони Эмомалӣ соли таваллудаш 07.09.1976. сокини н. Фахор ҷ/д Ватан байни ҳамдигар муноқиша намуда, ҳар ду дар ҳолати сахти сархушӣ ҳамдигарро мавриди латукуб қарор додаанд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда Барлосов Муродҷон ба воситаи олоти халандаю бурранда як чанд маротиба ба қисматҳои ҳаётан муҳими Шерхони Эмомалӣ зарба задаст, ки охирон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ айни замон дар беморхона бистарӣ карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон гумонбаршаванда шаҳрванд Барлосов Муродҷон бинобар сабаби дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштан дар Ҳушёрхонаи РВКД дар ш. Душанбе қарор дошта, ҷиҳати оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва муайян намудани сабабу омилҳои сар задании ҷинояти мазкур тафтишон идома дорад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.