расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҒУЛҒУЛА ДАР КӮЛОБ БАЪДИ ПИРӮЗИИ “РАВШАН” БАР “ИСТИҚЛОЛ” (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

ҒУЛҒУЛА ДАР КӮЛОБ БАЪДИ ПИРӮЗИИ “РАВШАН” БАР “ИСТИҚЛОЛ” (ВИДЕО)

"Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 13 сентябр дар бозии марҳалаи чорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикиcтон қаҳрамони футбол ва баранди Ҷоми кишвар дастаи "Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ин нахустин шикасти "Истиқлол” дар соли 2020 ва нахустин шикасташ дар марҳалаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар тамоми тӯли таърихаш буд. Барои мухлисони дастаи "Равшан”, ки феълан дар лигаи якум бозӣ мекунад, пирӯзӣ бар рақиби усулиаш – "Истиқлол” як пирӯзии рамзӣ буд ва аз ин рӯ, тамоми шаб дар саросари Кӯлоб мухлисон пирӯзии "Равшан”-ро таҷлил мекарданд. "Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 13 сентябр дар бозии марҳалаи чорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикиcтон қаҳрамони футбол ва баранди Ҷоми кишвар дастаи "Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ин нахустин шикасти "Истиқлол” дар соли 2020 ва нахустин шикасташ дар марҳалаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар тамоми тӯли таърихаш буд. Барои мухлисони дастаи "Равшан”, ки феълан дар лигаи якум бозӣ мекунад, пирӯзӣ бар рақиби усулиаш – "Истиқлол” як пирӯзии рамзӣ буд ва аз ин рӯ, тамоми шаб дар саросари Кӯлоб мухлисон пирӯзии "Равшан”-ро таҷлил мекарданд.
Bahrom Khojaev
В Кулябе сегодня настоящий праздник 
Болельщики отмечают сенсационную победу над грозным соперником "Истиклол"-ом

 
Nurali Khorkashev
ҲАНГОМАИ РӮЗ
"Равшан"-И Кӯлоб, ки чанд соли ахир аст дар лигаи якуми Тоҷикистон иштирок мекунад ва қариб, ки ҳамеша мувоҷеҳ ба мушкилоти молист, дар марҳилаи 1/4 ниҳоии мусобиқаи имсола барои Ҷоми Тоҷикистон рақиби кӯҳнаи худ "Истиқлол"-и Душанберо бо ҳисоби калони 4 бар 2 шикаст дода, ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Қобили зикр аст, ки дар футболи имрӯзиямон, ин ғалабаи "Равшан" муваффақияти калон аст. Дастаи пурқувватеро ҳамчун "Истиқлол" вз идомаи мусобиқа берун кардан, саҳлу осон нест.
Дар бораи бозиҳои хонагии "Равшан" бошад гуфтоварди беҳтареро аз навиштаи сардабири СССР Сайёфи Мизроб пайдо накардам: Ҳақ ба ҷониби сармураббии вақти "Истиқлол" Никола Кавазович аст, ки баъди як бохташ дар Кӯлоб гуфта буд: " Равшан на своем поле выигрывает даже у Барселоны"
Роҳ ёфтани "Равшан"-ро ба даври баъдии Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба тамоми мухлисону ҳаводорони даста табрик мекунем!
P.S. Аҳсан ба "Истиқлол", ки шукӯҳу шаҳомати футболи соҳибистиқлолии Ватанро боло бурда, эҳё мегардонад!
Мехроб Исроилиён
Солҳост боз дил аз тамошои футболи тоҷик канда будам. Равшани Кӯлоб маро ба ин баргардонд. Аҳсан ба Истиқлол ки ба арзишҳои футбол арҷ гузошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.