расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Швартснеггер пас аз 10 соли баҳсҳои додгоҳӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд

. / Ҳаводис

Швартснеггер пас аз 10 соли баҳсҳои додгоҳӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд

Ҳамсарон соли 2011 ҷудошавиашонро эълон карданд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар расонаҳо хабар пайдо шуд, ки Швартснеггер аз хизматгор соҳиби писар шудааст

Губернатори собиқи Калифорния ва ҳунарманди маъруф Арнолд Швартсенеггер расман аз ҳамсараш Мария Шрайвер ҷудо шуд, хабар медиҳад портали TMZ.

Мурофиаи ҷудошавӣ беш аз 10 сол давом кард. Бино ба гузоришҳо, Додгоҳи олии Лос-Анҷелес рӯзи 28 декабр талоқро ба додгоҳ ҷорӣ кардааст.

Манбаъ чунин мурофиаи тӯлониро бо «набудани ангеза» ва мушкили ҳалли баҳсҳо дар мавриди тақсими амвол шарҳ додааст.

Гила аз хешовандон ва безорӣ аз падар: изҳороти ҳайратангези Бритни Спирс
Ба гуфти манобеъ, мурофиаи додгоҳӣ тақрибан 400 миллион долларро дар бар гирифт ва дар натиҷа амвол тақрибан ду баробар тақсим шуд. Ҳамсарон дар соли 2011 ҷудо шудани худро эълон карданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар расонаҳо хабар пайдо шуд, ки Швартснеггер аз хизматгор соҳиби писар шуд.Танҳо пас аз беш аз 10 сол, ҳамсарон тавонистанд ба талоқи расмӣ ноил шаванд. Швартснеггер ва Шрайвер соли 1986 издивоҷ карданд ва соҳиби чаҳор фарзанд мебошанд. 



Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.