расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба қатл расонидани духтарбачаи 11-сола барои рӯйпӯш намудани ҷиноят

. / Ҳаводис

Ба қатл расонидани духтарбачаи 11-сола барои рӯйпӯш намудани ҷиноят

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, духтарбачаи 11-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ӯро ба истгоҳи гардиши роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулистон бурда, барои қонеъ кардани нафси шаҳвониаш дар зери истгоҳ бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз карда, баъдан барои пинҳон кардани ҷинояти содир кардааш номбурдаро ба қатл расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.