расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бо корд захмӣ намудани ноболиғи 17-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

. / Ҳаводис

Бо корд захмӣ намудани ноболиғи 17-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосеъи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:00, писари ноболиғи 17-солаашро “Лоиқ” ном шахс дар назди деҳаашон аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корд 1-маротиба ба қисмати чапи поёни шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосеъи ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.