расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дастгир гардидани се нафар бо ҷурми дуздӣ

. / Ҳаводис

Дастгир гардидани се нафар бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми марти соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз зери ҷӯйбори обгузари назди оромгоҳи деҳаи Бӯстон 1-адад насоси обкаширо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-сола ва ду ноболиғи 17-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Бӯстони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.