расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

. / Ҳаводис

Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 24-уми марти 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нурафшони шаҳри Исфара, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҷангу ҷанҷол карда, бо табари хоҷагӣ 8-маротиба ба сари охирон зада, сарашро аз тан ҷудо кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.