Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Панҷакент ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.Номбурда, 16-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:00, дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт, воқеъ дар назди маркази савдои «Садбарг» аз дасти марди 29-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.