расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 12-уми декабри соли 2019, дар кӯчаи Р.Амакии ноҳияи Фирдавсӣ марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш хонаи истиқоматии сохтмонаш нотамомро гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён, сардори хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ-Ғулом» бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур даромада, аз ӯ 87 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, солҳои 2011 ва 2013 дар кӯчаи Борбад бо роҳи фиреб ба боварии марди 59-солаи сокини пойтахт, ки 16-уми октябри соли 2013 бинобар бемор буданаш вафот кардааст, даромада, аз ӯ 200 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст, ки бо ин кирдораш ба писари марҳум марди 33-солаи сокини ҳамон ҷо, зарари махсусан калон расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.