расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми феврали соли 2021, тахминан соати 14:40-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдоаш, воқеъ дар бозори «Корвон», 1-адад ҷуфти ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда, 17-уми феврали соли 2021, тахминан соати 10:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз дохили ҷузвдон 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.