расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Тасдиқ карданд: ҷузъиёти 90 кг тилло ва 15 млн доллари қочоқе, ки дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд

. / Ҳаводис

Тасдиқ карданд: ҷузъиёти 90 кг тилло ва 15 млн доллари қочоқе, ки дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд

Миқдори зиёди қочоқро кормандони Прокуратураи генералӣ дар фурудгоҳ ошкор карданд.

Акси марбута
Сурат: AP Photo
Кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбаронро боздошт намуданд, ки мехостанд миқдори зиёди тилло ва асъори хориҷиро ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароранд.
Ин ҷо сари қочоқи 90 кило тилло ва 15 млн доллар сухан меравад, ки дастандаркорони он охири моҳи ноябри соли гузашта дар фурудгоҳ боздошт шуданд, иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 18 феврал сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳмонзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс”.
“Қочоқбарон як миқдор тиллову асъорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, мехостанд минбаъд ба Дубай баранд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели даст доштан дар қочоқ 7 нафар, аз ҷумла 3 корманди гумрук низ боздошт шудаанд.
“Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад”, - илова кард номбурда.
Аз ифшои ҷузъиёти дигари ин қазия Раҳмоналӣ Раҳмонзода худдорӣ варзид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.