расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Узбекистон обанбори Сардобаро аз нав месозад

. / Ҳаводис

Узбекистон обанбори Сардобаро аз нав месозад

Обанбори Сардоба, Узбекистон.

Хабаргузории узбекии “Дарё.уз” бо истинод ба сардори Идораи ҳамоҳангии лоиҳаҳо ва корҳои таҳқиқотӣ-илмии Узбекистон Насрулло Бобоев хабар додааст, ки тибқи як қарори махфии девони вазирони ин кишвар садди рахнашудаи обанбори Сардоба дубора барқарор карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар асоси қарори мазкур корҳои бузурги таҳқиқотию муҳандисӣ ва озмоишӣ анҷом дода хоҳад шуд. “Ин корро қарори махфие муайян кардааст. Ҳукумат ҷадвалеро тартиб дода, шахсони масъулро таъйин кардааст. Тибқи нақша, ҳамаи корҳоро корхонаҳои вазорату идораҳои дахлдор анҷом медиҳанд”, иқтибос оварда шудааст аз суханони Бобоев.
Бобоев илова кард, ки дар корҳои таҳқиқотию пажӯҳишии марбут ба обанбор мутахассисони кишварҳои ҳамсоя низ ҷалб хоҳад шуд.
Садди обанбор рӯзи 1 майи соли ҷорӣ канда шуд ва боиси марги шаш тан гардид. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шуд. Дар хулосаи тафтишот гуфта шудааст, ки иштибоҳу норасоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва истифодаи обанбор боиси рахна шудани сад гардидааст.
Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.