расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 22 ва 24-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 12-уми феврали соли 2021, тахминан соати 22:00 бо ҳамроҳии Одинамаҳмад ном шахс ҳангоми дар назди бинои №22-и маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанашон, аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Арбобхотуми ноҳияи Рӯдакӣ, ва ҷавони 22-солаи сокини шаҳриро дашномҳои қабеҳ гуфта лату кӯб намудаанд.
Баъдан, Одинамаҳмад ном шахс бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синаи яке аз ҷабрдидагон задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ дар намуди захми буридаи мавзеъи қафаси сина бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Барои муайян ва дастгир кардани Одинамаҳмад ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.