расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Гумонбари дуздӣ дар ноҳияи Кӯшониён дастгир шуд

. / Ҳаводис

Гумонбари дуздӣ дар ноҳияи Кӯшониён дастгир шуд

1544
Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳои калон ва майдаи шохдор, дучархаҳо ва маҳсулоти сохтмонияшон, аз ҳисоби кормандони милитсияи ноҳияи мазкур гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар муддати кутоҳ як нафар сокини шаҳри Бохтар, ки муддатест даст ба дуздии амволи мардум мезанад, дастгир карда шуд.
Ин нафари ҷиноятпеша Ҳайдаров Рӯзимурод, соли таваллудаш 1997 мебошад, ки баҳри тасарруф намудани молу мулки ғайр шабона, бо тариқи пинҳонӣ вориди маназилҳои истиқоматӣ ва оғилхонаҳои шаҳрвандон гашта, аз он ҷо чорвоҳои калону майдаи шохдор, дучарха ва масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
1545
Номбурда дар 5 ҳолати дуздӣ даст дошта, маблағи зарари ба шаҳрвандон расонидааш 15 000 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати Ҳайдаров Р. дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикисон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.