Бо роҳи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми феврали соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, шахси номаълум бо корд, фарзанди ноболиғи 14-солаашро, ки дар назди боғчаи кӯдакона, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони пойтахт қарор дошт, тарсонида, ошкоро телефони мобилии дар дасташ бударо тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.