расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани марди 29-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани марди 29-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навкати ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 11-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматии ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур қарор дошта, бо баҳонаи охирон бо ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳраки Навкати ҳамин ноҳия муносибати ошиқона дошта, бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, бо мақсади паст задани шаъну шарафи охирон, бо роҳи тамаъҷӯӣ 4 ҳазор сомониро талаб карда, бар ивазаш шаҳодатномаи техникии автомашинаи тамғаи «Дэу Дамас», ки ба ҷабрдида тааллуқ дорад, ҳамчун гарав гирифтааст. Рӯзи 12-уми феврали соли 2021, тахминан соати 17:00, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен гумонбаршаванда ҳангоми гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.