расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ВКД як узви гуруҳи Эшони Нозимро, дар куштори 26 сол пеш муттаҳам медонад

. / Ҳаводис

ВКД як узви гуруҳи Эшони Нозимро, дар куштори 26 сол пеш муттаҳам медонад

Сокини шаҳри Ваҳдат ба куштори 25 сол пеш содиршуда гумонбар дониста мешавад.


Сурат: Акси марбута
Нафари гумонбар дар куштор ҳоло 56 сол дошта, боздошт шудааст ва ба ӯ барои куштани як зан охири соли 1995, ки он замон дар Тоҷикистон даргириҳои шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти ба номи А.Аюдулвосиеви шаҳри Ваҳдат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як зани бегуноҳро куштааст.
“Ҳангоми дар гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадасти Юнусов Нозим бо тахаллуси Эшони Нозим шомил буданаш, 12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 -дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар сурати исбот шудани гуноҳи гумонбаршаванда, ба ӯ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.