расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар

. / Ҳаводис

Афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар

Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии ҷумҳурӣ хабар дод.


Дар Суди олии Тоҷикистон
Сурат: аз торнамои Sud.tj
Соли гузашта судҳои Тоҷикистон 561 парвандаи марбут ба ҷиноятҳои коррупсиониро баррасӣ кардаанд. Дар ин давра дар мақомоти судии кишвар 471 ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд, хабар дод зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон рӯзи 8 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 609 парвандаи маъмурии марбут ба риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Зикр шуд, ки аз рӯйи натиҷаи мурофиаҳои судии вобаста ба вайрон кардани меъёрҳои қонуни зикршуда 600 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии 2,6 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дар мавриди риоя нашудани меъёрҳои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” соли 2020 дар мақомоти суди кишвар 15 ҳазор парванда барррасӣ шудааст: аз рӯйи натиҷаҳои он ба 5 ҳазору 929 нафар огоҳӣ дода шуда, 7 ҳазору 299 нафар ба маблағи умумии 1 млн 176,1 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.