Бо корд захми намдуан дар заминаи ҷангу ҷанҷол
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 4-уми феврали соли 2021, тахминан соати 12:20-дақиқа, дар кӯчаи А.Юсупови шаҳри Ҳисор марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳии шаҳри мазкур бо падари муроҷиаткунанда марди 50-сола, муноқиша карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми феврали соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо ҳамсараш зани 33-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.