Пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид дастгир карда шуд.Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ҷайби номбурда як миқдор сангҳои қимматбаҳои табиии навъи «зумрад» ва 4-адад сангҳои намуди «ёқут» дарёфт ва гирифта шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои дарёфтшуда, навъи «ёқут» 112,49-грамм ва «зумрад» 64,40-граммро ташкил медиҳанд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.