расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани донишҷӯе, ки муллимро дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо корд зад

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани донишҷӯе, ки муллимро дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо корд зад

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯӣ соли 2-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Номбурда, 28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар вақти дар ошёнаи 2-юми яке аз биноҳои таълимии Донишгоҳи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш, декани факултети менеҷменти байналмилалӣ, марди 43-солаи сокини пойтахтро барои ӯро аз Донишгоҳ хориҷ намуданаш бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.