Қиморхона дар дохили хонаи истиқоматӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ҳуҷраи манзили истиқоматиашро бидуни иҷозатномаи мақомоти дахлдор ба қиморхона табдил додааст.Ҳамчунин дар он ҷо шароит фароҳам оварда, мардони 29, 28, 28 ва 29-солаи сокинони ҷамоати деҳоти мазкурро барои бозии қимор ҷалб намуда, аз ин ҳисоб ба манфиати шахсиаш маблағи пулӣ ба даст овардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад