расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » 70 ҳазор сомонро гирифту, барнагардонид

. / Ҳаводис

70 ҳазор сомонро гирифту, барнагардонид

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, мардони 40, 33 ва 28-солаи сокинони ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол онро барнагардонидаанд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 19-уми октябри соли 2018, дар назди масҷиди навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Навобод марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои ноҳияи Варзоб ба ӯ қитъаи замин гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 45 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-моҳ аз давлати Амрико ба ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла” дастрас менамояд, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидаст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.